Ҳар чи дилбар кард, нох(в)аш чун бувад?!

297

Ҳар чи дилбар кард, нох(в)аш чун бувад?!
Ҳар чи киштафзост, оташ чун бувад?!

Нақшҳое, ки нигорад он нигор,
Ақли онро ҷуз, ки мафраш чун бувад?!

Шарбатеро, к-ӯ ба масти худ диҳад,
Ҷуз латифу поку дилкаш чун бувад?!

Киштии шашгӯша аст ин шаш ҷиҳат,
Баҳри бепоён дар ин шаш чун бувад?!

Наргиси чашме, к-аз ин баҳр об ёфт,
Дар шиноси баҳр аъмаш1 чун бувад?!

Чун кушоде ёфт чашме дар ризо,
Аз сахат2 ҳар лаҳза ахфаш3 чун бувад?!

Ҳин, Хамӯшу аз хумули4 Ҳақ битарс,
Маъмани иқболи маръаш5 чун бувад?!


1 Гулчашм, заъифбин.
2 Хашм, ғазаб.
3 Заъифбин, хирачашм.
4 Гумномӣ, фаромӯшӣ.
5 Кабӯтари сафед.