Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад

298

Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад
В-арна касро ин тақозо кай расад?!

Масти ишқам дор дойим бехумор,
Ман нахоҳам мастие, к-аз май расад!

Мо найистонему ишқаш оташест,
Мунтазир, к-он оташ андар най расад!

Ин найистон об з-оташ мехурад,
Тоза гардад з-оташе, к-аз вай расад!

То абад аз дӯст сабзу тозаем,
Ӯ баҳоре нест, к-ӯро дай расад!

Ло шавем аз «куллу шайъин ҳолику»,
Чун ҳалоку офат андар шай расад!

Ҳар ки ӯ ночиз шуд, ӯ чиз шуд,
Ҳар ки мурд аз кибр, ӯ дар ҳай расад!