Шаб шуду ҳангоми хилватгоҳ шуд

299

Шаб шуду ҳангоми хилватгоҳ шуд,
Қиблаи ушшоқ рӯйи моҳ шуд!

Маҳпарастон, Моҳ хандидан гирифт,
Шабравон, хезед, вақти роҳ шуд!

Хоб омад, мову манҳо ло шуданд,
Вақти он бехоби иллаллоҳ шуд!

Мағзҳо омехта бо коҳи тан,
Тан бихуфту донаҳо бекоҳ шуд!

Ҳиндувон хиргоҳи танро рӯфтанд,
Турк хилват диду дар хиргоҳ шуд!

Гуфтугӯҳои ҷаҳонро об бурд,
Вақти гуфтанҳои шоҳаншоҳ шуд!

Шамси Табрезӣ чу омад дар миён,
Аҳли маъниро сухан кӯтоҳ шуд!