Аз дили рафта нишон меояд

300

Аз дили рафта нишон меояд,
Бӯйи он ҷону ҷаҳон меояд!

Наъраву ғулғулаи он мастон
Ошкорову ниҳон меояд!

Гавҳар аз ҳар тарафе метобад,
Пойкӯбон суйи ҷон меояд!

Аз дари машъаладорони фалак
Оташи дил ба даҳон меояд!

Ҷони парвона миён мебандад,
Шамъи равшан ба миён меояд!

Офтобе, ки зи мо пинҳон буд,
Суйи мо нурфишон меояд!

Тир аз ғайб агар паррон нест,
Пас, чаро бонги камон меояд?!