Гули хандон, ки нахандад, чӣ кунад?!

301

Гули хандон, ки нахандад, чӣ кунад?!
Алам аз мушк набандад, чӣ кунад?!

Нори хандон, ки даҳон бикшодаст,
Чунки дар пӯст нагунҷад, чӣ кунад?!

Маҳи тобон ба ҷуз аз хубиву ноз
Чӣ намояд, чӣ писандад, чӣ кунад?!

Офтоб ар надиҳад тобишу нур,
Пас, бад-ин нодирагунбад чӣ кунад?!

Соя чун талъати хуршед бидид,
Накунад саҷда, наханбад, чӣ кунад?!

Ошиқ аз бӯйи хуши пираҳанат
Пираҳанро надаронад, чӣ кунад?!

Тани мурда, ки бар ӯ баргузарӣ,
Нашавад зинда, наҷунбад, чӣ кунад?!

Дилам аз чанги ғамат гашт чу чанг,
Нахурӯшад, натарангад, чӣ кунад?!

Шери Ҳақ шоҳ Салоҳуддин аст,
Накунад сайду нағуррад, чӣ кунад?!