Мурғе, ки ногаҳонӣ дар доми мо даромад

302

Мурғе, ки ногаҳонӣ дар доми мо даромад,
Бишкаст домҳоро, бар ломакон баромад!

Аз бодаи газофе шуд софи софи софе
В-аз дурди ҳар ду олам ҷӯшиду бар сар омад!

Ҷонро чу шуст аз гил, миъроҷ баршуд он дил,
Он ҷо чу кард манзил, онҷо-ш хуштар омад!

Дар олами тароват ӯ ёфт бас ҳаловат
В-аз васфи лоларӯён рӯяш музаъфар омад!

З-он моҳ ҳар ки монад в-ин нақшро нахонад,
Дар нақши дин бимонад, валлаҳ, ки кофар омад!

З-авсофи худ гузаштам в-аз худ бараҳна гаштам,
Зеро бараҳнагонро хуршед зевар омад!

Аллоҳу акбари ту хуш нест бо сари ту,
Ин сар чу гашт қурбон, Аллоҳ Акбар омад!

Ҳар ҷони бомалолат дур аст аз ин ҷалолат,
Чун ишқ бо малӯлӣ киштиву лангар омад!

Ай Шамси Ҳаққи Табрез, дил пеши офтобат
Дар камзании мутлақ аз зарра камтар омад!