Бемори ранҷи сафро завқи шакар надонад

303

Бемори ранҷи сафро завқи шакар надонад,
Ҳар сангдил дар ин раҳ қалб аз гуҳар надонад.

Ҳар анкабути ҷавлаҳ1 дар тору пуди он чаҳ
Аз завқи санъати худ завқи дигар надонад!

В-он, к-ӯ зи чаҳ барафтад, дар ҷому соғар афтад,
Мастӣ-ш дар сар афтад, поро зи сар надонад!


1 Ваҳшӣ.