Андар о, бо мо нишон диҳ ростак

462

Андар о, бо мо нишон диҳ ростак,
Моҷароро дар миён ниҳ ростак!

Чун камонӣ бо ман, охир, пеш о,
Ҳамчу тире, к-ояд аз раҳ ростак!

Ай фузулӣ, сӯ ба сӯ чандин маҷаҳ,
В-ар ҷаҳӣ, боре бурун ҷаҳ ростак!

Диҳхудое нест ҷуз ту ҳеч кас,
К-ӯ бигӯяд ҳоли ин диҳ ростак!

Чун ту одина нахоҳӣ омадан,
Ваъдамон диҳ рӯзи шанбиҳ ростак!

Дар дурӯғу макр завқе ҳаст, лек
Он намеарзад, ҳамон биҳ ростак!

Гар бидидӣ Шамси Табрезӣ, бигӯ:
«Як нишон бо киҳтарин киҳ ростак!».