Ай зарифи ҷаҳон, салом алайк!

463

Ай зарифи ҷаҳон, салом алайк!
Ай ғариби замон, салом алайк!

Ай саломи ту дарнагунҷида
Дар хами осмон, салом алайк!

Дӣ, ки бигзашт, рӯй вопас кард,
К-ай зи ҳиҷрат фиғон, салом алайк!

Рӯзи фардо зи ишқи ту гӯяд:
«Зӯтарам даррасон салом алайк!».

Гӯши пинҳон куҷост, то шунавад
Аз ҷаҳони ниҳон салом алайк?!

Ҳар саломе, ки дар ҷаҳон шунавӣ,
Чун садоест з-он салом алайк!

З-ин садо даргузар баробари кӯҳ,
То бибинӣ аён салом алайк!

Ман зи ғайрат саломи ту пӯшам,
То надонад даҳон, салом алайк!

Чун бибастам даҳон, саломат шуд
Ҷониби гулситон, салом алайк!

Ай салоҳи ҷаҳон, Салоҳуддин,
Бар ту то ҷовидон салом алайк!