Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг-чанг?!

464

Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг-чанг?!
Оташи сода аҷабтар ё рухи ман ранг-ранг?!

Барқи он рухро чи нисбат бо рухони зард-зард?!
Тунги шаккарро чи нисбат бо дили бас танг-танг?!

Маҳ барои Муштарӣ бар тахти дил, бар тахти-дил,
Сад ҳазорон ҷони ҳайрон гирди тахташ данг-данг!

Кӯҳи Тури ҷонҳо савдои ӯ, савдои ӯ,
Андар он куҳ баҳри лаълаш меҷаҳад ҷон санг-санг.

Сайқали ишқи варо бигзин, ки то з-ойинаат
Зуд биздояд ба лутфи хештан ӯ ранг-ранг!