Барҷаҳ зи хобу бингар, нак, рӯзи равшан омад

307

Барҷаҳ зи хобу бингар, нак, рӯзи равшан омад,
Дилро зи хоб баркан, ҳангоми рафтан омад!

То кай ишорат ояд, ту ношунуда орӣ?!
Тарсам, ки ишқ гӯяд, к-ин хоҷа кавдан омад!

Рафтанд хӯшачинон в-ин хӯшачин нишаста,
К-аз сиқлу1 аз гаронӣ чун талли хирман омад!


1 Вазнинӣ, гаронӣ, коҳилӣ.