Гуфтӣ, ки дар чи корӣ, бо ту чи кор монад?!

308

Гуфтӣ, ки дар чи корӣ, бо ту чи кор монад?!
Коре, ки бе ту гирам, валлаҳ, ки зор монад!

Гар хамри хулд нӯшам бо ҷомҳои заррин,
Ҷумла судоъ1 гардад, ҷумла хумор монад!

Дар коргоҳи ишқат бе ту ҳар он чи бофам,
Валлаҳ, на пуд монад, валлаҳ, на тор монад!

Ту ҷӯйи бекаронӣ, пешат ҷаҳон чу пуле,
Ҳошо, ки бо чунин ҷӯ бар пул гузор монад?!

Олам чаҳор фасл аст, фасле хилофи фасле,
Бо ҷанги чор душман ҳаргиз қарор монад?!

Пеш о, баҳори хубӣ, ту асли фаслҳойӣ,
То фаслҳо бисӯзад, ҷумла баҳор монад!


1 Дарди сар.