Лутфе намонд, к-он санами хушлиқо накард

309

Лутфе намонд, к-он санами хушлиқо накард,
Моро чӣ ҷурм, агар карамаш бо шумо накард?!

Ташнеъ74 мезанӣ, ки ҷафо кард он нигор,
Хубе кӣ дид дар ду ҷаҳон, к-ӯ ҷафо накард?!

Ишқаш шакар бас аст, агар ӯ шакар надод,
Ҳуснаш ҳама вафост, агар ӯ вафо накард!

Бинмой хонае, ки аз ӯ нест пурчароғ,
Бинмой суффае, ки рухаш пурсафо накард?!

Ин чашму он чароғ ду нуранд ҳар яке,
Чун он ба ҳам расид, касешон ҷудо накард!

Чун рӯҳ дар назора фано гашт, ин бигуфт:
«Наззораи ҷамоли Худо ҷуз Худо накард!».

Ҳар як аз ин мисол баён асту муғлата-ст,
Ҳақ ҷуз зи рашки номи рухаш «ваззуҳо» накард.

Хуршеди рӯйи мафхари Табрез – Шамси дин
Бар фоние натофт, ки онро бақо накард!

74 Бадгӯйӣ, шикоят.