Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод

310

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод
Дар чашмҳои масти ту наққош чун ниҳод?!

Чашми ту баркушояд ҳар дам ҳазор чашм,
Зеро Масеҳвор Худо қудраташ бидод!

В-он ҷумла чашмҳо шуда ҳайрони чашми ӯ,
К-он чашмашон басорати нав аз чӣ роҳ дод?!

Гуфтам ба осмон, ки чунин моҳ дидайӣ?!
Савганд хӯрду гуфт: «Маро нест ҳеч ёд!».

Акнун бибанд ду лабу он чашм баркушо,
Дигар сухан магӯй, агар ҳаст иттиҳод!