Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод

311

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод
Дар чашмҳои масти ту наққош чун ниҳод?!

Чашмат биёфарид ба ҳар дам ҳазор чашм,
Зеро Худо зи қудрати худ қудраташ бидод!

В-он ҷумла чашмҳо шуда ҳайрони чашми ту,
Ки сад ҳазор раҳмат бар чашмҳо-т бод!

Бар тахти салтанат бинишастаст чашми ту,
Ҳар ҷон, ки дид чашми туро, гуфт: «Дод, дод!».

Гуфтам, ки чашми чарх чунин чашм ҳеч дид?!
Савганд хӯрду гуфт: «Маро нест ҳеч ёд!»