Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле

593

Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле,
Ба куҷо равам зи дастат, ки намедиҳӣ маҷоле?

На раҳи гурез дорам, на тариқи ошноӣ,
Чӣ ғам уфтодаеро, ки тавонад эҳтиёле?

Ҳама умр дар фироқат бигузашту саҳл бошад,
Агар эҳтимол дорад ба қиёмат иттисоле.

Чӣ хуш аст дар фироқе ҳама умр сабр кардан,
Ба умеди он ки рӯзе ба каф уфтад висоле.

Ба ту ҳосиле надорад ғами рӯзгор гуфтан,
Ки шабе надида бошӣ ба дарознои соле.

Ғами ҳоли дардмандон, на аҷаб, гарат набошад,
Ки чунин нарафта бошад ҳама умр бар ту ҳоле.

Сухане бигӯй бо ман, ки чунон асири ишқам,
Ки ба хештан надорам зи вуҷудат иштиғоле.

Чӣ нишинӣ, эй қиёмат, бинамой сарви қомат,
Ба хилофи сарви бустон, ки надорад эътидоле,

Ки на имшаб он самоъ аст, ки даф халос ёбад
Ба тапончаею1 барбат2 бираҳад ба гӯшмоле.

Дигар офтоби рӯят манамой осмонро,
Ки қамар зи шармсорӣ бишикаст чун ҳилоле.

Хати мушкбӯю холат ба муносибат, ту гӯӣ,
Қалами ғубор мерафту фурӯ чакид холе.

Ту ҳам ин магӯй, Саъдӣ, ки назар гуноҳ бошад,
Гунаҳ аст баргирифтан назар аз чунин ҷамоле.


1 Зарба, силӣ.
2 Номи соз.