Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд

277

Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд,
Рӯи маймуни ту дидан дари давлат бикушояд.

Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро,
То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

Ин латофат, ки ту дорӣ, ҳама дилҳо бифиребад,
В-ин башошат1, ки ту дорӣ, ҳама ғамҳо бизудояд.

Рашкам аз пираҳан ояд, ки дар оғӯши ту хусбад,
Заҳрам аз ғолия ояд, ки бар андоми ту сояд.

Найшакар бо ҳама ширинӣ, агар лаб бикушоӣ,
Пеши нутқи шакаринат чу най ангушт бихояд.

Гар маро ҳеч набошад на ба дунё, на ба уқбо,
Чун ту дорам, ҳама дорам, дигарам ҳеч набояд.

Дил ба сахтӣ биниҳодам, пас аз он дил ба ту додам,
Ҳар кӣ аз дӯст таҳаммул накунад, аҳд напояд.

Бо ҳама халқ намудам хами абрӯ, ки ту дорӣ,
Моҳи ту ҳар кӣ бибинад, ба ҳама кас бинамояд.

Гар ҳалол аст, ки хуни ҳама олам ту бирезӣ,
Он ки рӯй аз ҳама олам ба ту овард, нашояд.

Чашми ошиқ натавон дӯхт, ки маъшуқ набинад,
Пои булбул натавон баст, ки бар гул насарояд.

Саъдиё, дидани зебо на ҳаром аст, валекин
Назаре гар бирабоӣ, дилат аз каф бирабояд.


1 Кушодарӯӣ, хушрӯӣ.