Баҳри шаҳват ҷони худро медиҳӣ ҳамчун сутур

383

Баҳри шаҳват ҷони худро медиҳӣ ҳамчун сутур
В-аз барои ҷони худ каҳ медиҳӣ в-он гаҳ базӯр!

Меситонӣ аз хасон, то водиҳӣ даҳ-чордаҳ,
Дар ҳавои шоҳидиву луқмайӣ, ай беҳузур!

Он сабадкаш мекашад он луқмаҳоро тун ба тун,
Медавонад мурдакаш мар шоҳидатро гӯр-гӯр!

Луқмаат мурдор омад, шоҳидат ҳам мурдае,
Дар миёни ин ду мурда чун намебошӣ нуфур?!

Чашми охурро бибанду чашми охир баркушо,
Охири ҳар чиз бингар, то бигирад чашм нур!