Ҳала, зирак, ҳала, зирак, ҳала, зирак, ҳала, зӯтар

384

Ҳала, зирак, ҳала, зирак, ҳала, зирак, ҳала, зӯтар,
Ҳала, к-аз ҷунбиши соқӣ бидавад бода ба сар-бар!

Бидавад рӯҳ пиёда, сари ганҷина кушода,
Рухи чун Зуҳра ниҳода ғалате рӯйи қамар-бар!

Ҳала, маншину маёсо, биҳил ин сабру мувосо,
Бигузин ҷаҳду муқосо, ки чу дегам ба шарар-бар!

Агарам ишвапарастӣ сари ҳар роҳ набастӣ,
Шаби ман рӯз шудастӣ, зада роят ба саҳар-бар!

Ҳала, барҷаҳ, ҳала, барҷаҳ, ки зи хуршед сафар биҳ,
Қадам аз хона бадар ниҳ, ҳамагонро ба сафар бар!

Сафари роҳи ниҳон кун, сафар аз ҷисм ба ҷон кун,
Зи Фурот об равон кун, бизан он об Хизар — бар!

Дами булбул чу шунидӣ, суйи гулзор давидӣ,
Чу бад-он боғ расидӣ, бидав акнун ба шаҷар-бар!

Ба шаҷар-бар, ҳала, баргӯ, масали фохта ку-ку,
Ки талабгор бад-ин хӯ назанад каф ба хабар-бар!