Ба гӯши ман бирасонид ҳаҷри талхпаём

630

Ба гӯши ман бирасонид ҳаҷри талхпаём,
Ки хоби ширин бар ошиқон шудаст ҳаром!

Бикард бар хуру бар хоб чор такбире,
Ҳар он касе, ки бар ӯ кард ишқ нимсалом!

Ба ман нигар, ки бидидам ҳазор озоре,
Чу ишқро дилу ҷонам каниз гашту ғулом!

Азим нури қадим аст ишқ пеши хос,
Агарчи сурату шаҳват бувад ба пеши авом!

Дилам чу захм наёбад, равад, ки тавба кунад,
Маханд бар ману бар худ, кадом тавба, кадом?!

Зиҳӣ гуноҳ, ки куфр аст тавба кардан аз ӯ,
На пас тариқи гурезу на пеш ҷойи мақом!

Ба чор мазҳаб хунаш ҳалолу рехтанӣ,
Аз он ки ишқ нарезад ба ғайри хуни киром!

Бикуш маро, ки чу куштӣ, ба ишқ зинда шудам,
Хамӯш кардаму мурдам, тамом гашт калом!