Нагуфтамат, марав он ҷо, ки ошно-т манам?!

629

Нагуфтамат, марав он ҷо, ки ошно-т манам?!
Дар ин сароби фано чашмаи ҳаёт манам?!

Вагар ба хашм равӣ сад ҳазор сол зи ман,
Ба оқибат ба ман ойӣ, ки мунтаҳот манам!

Нагуфтамат, ки ба нақши ҷаҳон машав розӣ,
Ки нақшбанди саропардаи ризот манам?!

Нагуфтамат, ки манам баҳру ту яке моҳӣ,
Марав ба хушк, ки дарёи босифот манам?!

Нагуфтамат, ки чу мурғон ба сӯйи дом марав?!
Биё, ки қуввати парвозу парру пот манам?!

Нагуфтамат, ки туро раҳ зананду сард кунанд,
Ки оташу табишу гармии ҳавот манам?!

Нагуфтамат, ки сифатҳои зишт дар ту ниҳанд,
Ки гум кунӣ, ки сари чашмаи сафот манам?!

Нагуфтамат, ки магӯ кори банда аз чи ҷиҳат
Низом гирад?! Халлоқи беҷиҳот манам?!

Агар чароғдилӣ, дон, ки роҳи хона куҷост,
В-агар Худосифатӣ, дон, ки кадхудот манам!