Бори дигар зарравор рақскунон омадем

628

Бори дигар зарравор рақскунон омадем,
З-он суви гардуни ишқ чархзанон омадем!

Бар сари майдони ишқ чунки яке гӯ шудем,
Гаҳ ба карон тохтем, гаҳ ба миён омадем!

Ишқ ниёз оварад, гар ту чунонӣ, равост,
Мо чу аз онсӯтарем, мо на чунон омадем!

Хоҷаи маҷлис туйӣ, маҷлисиён ҳозиранд,
Оби чу оташ биёр, мо на ба нон омадем!

Шукр, ки нодоштвор аз сабаби захми ту,
Чунки ба ҷон омадем, зуд ба ҷон омадем!

Шамси Ҳақ, ин ишқи ту ташнаи хуни ман аст,
Теғу кафан дар бағал баҳри ҳамон омадем!

Ҷуз намакат нашканад шӯриши Табрезро,
Фахри замин, дар ғамат шӯри замон омадем!