Пештар о, майлабо, то ҳама шайдо шавем!

627

Пештар о, майлабо, то ҳама шайдо шавем!
Бештар о, гавҳаро, то ҳама дарё равем!

Даст ба ҳам водиҳем ҳалқасифат ҷавқ-ҷавқ,
Ҷамъ муаллақзанон маст ба дарё давем!

Бар лаби дарёи ишқ тоза бирӯйем боз,
Ҳой, ки чун гулситон то ба абад мо навем!

В-аз ҷигари гулситон шуълаи дигар занем,
Чун зи рухи оташин мояи сад партавем!

Ҷавҳари мо рӯ намуд, лек аз он сӯйи баҳр
Оҳ, ки ту з-ин сувӣ, оҳ, ки мо з-он сувем.

Шоҳсуворо, ба сар тоҷ биҷунбон чунин,
Тоҷи туро гавҳарем, аспи туро мо ҷавем!

Бар сари дораш кунем, ҳар ки бигӯяд якем,
Оташ андарзанем, ҳар ки бигӯяд дувем!