Чанд равӣ бехабар? Охир, бингар ба бом

626

Чанд равӣ бехабар? Охир, бингар ба бом,
Бом чӣ бошад, бигӯ, бар фалаки сабзфом!

То қамаре ҳамчу ҷон ҷилва шавад ногаҳон,
Сад маҳу сад офтоб чиҳраи ӯро ғулом.

Аз ҳаваси ишқи ӯ чарх занад нуҳ фалак
В-аз майи ӯ ҷону дил нӯш кунад ҷом-ҷом!

Чун ба таҷаллӣ битофт, ҷониби ҷонҳо шитофт,
Бодаи ҷон шуд мубоҳ, хӯрдану хуфтан ҳаром!

Гуфт ҷаҳони салим: Чист хабар, ай насим?!,
Гуфт: «Надорам зи бим ҷуз нафасе, вассалом!».