Бикшой чашми худ, ки аз он чашм равшанем

625

Бикшой чашми худ, ки аз он чашмравшанем,
Ҳошо, ки чашми хеш аз он рӯй барканем!

Парвонайӣ ту баҳри ту бифрӯз синаро,
То хешро зи ишқ бар он сина барзанем!

Бифзой хавфи ишқ, нахоҳем эманӣ,
Зеро зи хавфи ишқи ту мо сахт эманем!

Парвонаро зи шамъи ту ҳар рӯз муждаест,
Яъне, ки мот шав, ки ҳаме мот зоманем!

Шодем он замон, ки ту даъвӣ кунӣ, ки ман!
Бе ман шавем аз худу аз ишқ сад манем!

То боғи гулситони ҷамоли ту дидаем,
Чун сарв сарбаланду забонвар чу савсаем.

Бар гулшани замона, бирав, оташе бизан,
Зеро зи ишқи рӯйи ту з-он сӯйи гулшанем!

Ай он, ки сустдил шудайӣ дар тариқи ишқ,
Дар мо гурез зуд, ки мо бурҷи оҳанем!

Аз завқи оташи шаҳи Табрез — Шамси дин
Дорем оби рӯву ҳама маҳзи равғанем!