Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам

624

Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам,
Ҷон додаам, валек ҷаҳоне харидаам!

Рӯям чу заргар аст, аз ӯ ин сухан шунав:
«Додам қурозае зару коне харидаам!».

Аз чашми турки дӯст чи тире, ки хӯрдаам,
В-аз тоқи абруяш чи камоне харидаам!

Бо халқ баста-баста бигӯям ман ин ҳадис,
Бо кас нагӯям: «Ин зи фалонӣ харидаам!».

Ҳарчанд безабон шуда будам чу моҳие,
Дидам шакарлабеву забоне харидаам!

Ногоҳ чун дарахт бирустӣ миёни боғ,
З-он боғи бенишона нишоне харидаам!

Гуфтам миёни боғи худ: «Онро миёна нест!»,
Лек аз миён нестмиёне харидаам!

Кардам қирон ба мафхари Табрез — Шамси дин,
Берун зи ҳар ду қарн қироне харидаам!