Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам

623

Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам,
Ман он гадойи урам, к-аз шоҳ хашм кардам!

Аз лутфам он ягона мехонд сӯйи хона,
Кардам яке баҳона в-аз роҳ хашм кардам!

Гар сар кашад нигорам в-ар ғам барад қарорам,
Ҳам оҳ барнаёрам, аз оҳ хашм кардам!

Гоҳам фирефт бо зар, гоҳам ба ҷоҳу лашкар,
Аз зар чу зар биҷастам в-аз ҷоҳ хашм кардам!

З-оҳанрабойи аъзам, ман оҳанам, гурезон,
В-аз каҳрабойи олам, ман — коҳ, хашм кардам!

Мо зарраем саркаш аз чору панҷу аз шаш,
Худ панҷу шаш кӣ бошад, з-Аллоҳ хашм кардам!

Инро ту барнатобӣ, зеро буруни обӣ,
Гар шабҳи офтобӣ, з-ашбоҳ хашм кардам!