Дардиҳ шароб яксон, то ҷумла ҷамъ бошем

622

Дардиҳ шароб яксон, то ҷумла ҷамъ бошем,
То нақшҳои худро як-як фурӯ тарошем!

Аз хеш хоб гардем, ҳамранги об гардем,
Мо шохи як дарахтем, мо ҷумла хоҷатошем!

Мо табъи ишқ дорем, пинҳони ошкорем,
Дар шаҳри ишқ пинҳон, дар кӯйи ишқ фошем!

Худро чу мурда бинем, бар гӯри худ нишинем,
Худро чу зинда бинем, дар навҳа рӯ харошем!

Ҳар сурате, ки рӯяд бар ойинай дили мо,
Занги қалош дорад, зеро ки мо қалошем!

Мо ҷамъи моҳиёнем, бар рӯйи об ронем,
Ин хоки булҳавасро бар рӯй хок пошем!

То мулки ишқ дидем, сархайли муфлисонем,
То нақди ишқ дидем, туҷҷори беқумошем!