Овозаи ҷамолат аз ҷони худ шунидем

621

Овозаи ҷамолат аз ҷони худ шунидем,
Чун боду обу оташ дар ишқи ту давидем!

Андар ҷамоли Юсуф гар дастҳо буриданд,
Дасте ба ҷони мо бар, бингар чиҳо буридем?!

Риндону муфлисонро пайдост, то чи бошад,
Ин далқи пора-пора дар пойи ту кашидем!

Дар ишқи ҷонсупорон монанди мо ҳазорон
Ҳастанд, лек чун ту дар хоб ҳам надидем!

Монандаи сутурон дар об вақти хӯрдан
Чун акси хеш дидем, аз хеш мерамидем!