Олам гирифт нурам, бингар ба чашмҳоям

620

Олам гирифт нурам, бингар ба чашмҳоям,
Номам баҳо ниҳоданд, гарчи ки бебаҳоям!

З-он луқма кас нахӯрдаст, як зарра з-он набурдаст,
Бингар ба иззати ман, к-онро ҳаме бихоям!

Гар чарху аршу курсӣ аз халқ сахт дур аст,
Бедору хуфта ҳар дам мастона мебароям!

Он ҷо ҷаҳони нур аст, ҳам ҳуру ҳам қусур аст,
Шодиву базму сур аст, бо худ аз он наёям!

Ҷабрил пардадор аст, мардон даруни парда,
Дар ҳалқа-шон нигинам, дар ҳалқа чун дароям?!

Исо ҳарифи Мӯсо, Юнус ҳарифи Юсуф,
Аҳмад нишаста танҳо, яъне ки ман ҷудоям!

Ишқ аст баҳри маънӣ, ҳар як чу моҳӣ дар баҳр,
Аҳмад, гуҳар ба дарё, инак ҳаменамоям!