Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад

323

Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад!

Барои ман магирйу магӯ: «Дареғ, дареғ!»,
Ба дӯғи дев дарафтӣ, дареғ он бошад!

Ҷанозаам чу бибинӣ, магӯ: «Фироқ, фироқ!»,
Маро висолу мулоқот он замон бошад!

Маро ба гӯр супорӣ, магӯ: «Видоъ, видоъ!»,
Ки гӯр пардаи ҷамъийяти ҷинон бошад!

Фурӯ шудан чу бидидӣ, баромадан бинигар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад?!

Туро ғуруб намояд, вале шуруқ бувад,
Лаҳад чу ҳабс намояд, халоси ҷон бошад!

Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст?!
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?!

Кадом далв фурӯ рафту пур бурун н-омад?!
Зи чоҳ Юсуфи ҷонро чаро фиғон бошад?!

Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй, он тараф бикушо,
Ки ҳоюҳӯйи ту дар ҷавви ломакон бошад!