Ба шакарханда агар май бибарад, ҷон расадаш

436

Ба шакарханда агар май бибарад, ҷон расадаш,
В-агар аз ғамзаи ҷоду барад, ӣмон расадаш!

Лашкари деву парӣ ҷумла ба фармони ваянд,
Бо чунин иззу шараф мулки Сулаймон расадаш!

Сад ҳазорон дили Яъқуби ҳазин зинда бад-ӯст,
Карру фарри шарафи Юсуфи Канъон расадаш!

Лаби Исосифаташ мурда ба дам зинда кунад,
Гар парад бо пари ҷон, ҷониби Кайвон расадаш!

Нӯҳи вақт аст, ки ишқи абадӣ киштии ӯст,
Гар ҷаҳон зеру забар кард, ба тӯфон расадаш!

Ишқи ӯ гард барангехт зи дарёи адам,
Яди байзову асое шуда суъбон1 расадаш!

Ҷумлагӣ ташнадилон қут аз ӯ меёбанд,
Бо чунин луқмадиҳӣ шуҳрати Луқмон расадаш!


1 Аждаҳо.