Гар лаби ӯ шиканад, нархи шакар мерасадаш

437

Гар лаби ӯ шиканад, нархи шакар мерасадаш,
В-ар рухаш таъна занад бар гули тар, мерасадаш!

Гар фалак саҷда барад бар дари ӯ, месазадаш,
В-ар ситонад гарав аз қурси қамар, мерасадаш!

В-ар шаҳи ақл, ки олам ҳамагӣ чокари ӯст,
Ҷиҳати хидмати ӯ баста камар, мерасадаш!

Шоҳи хуршед, ки бар зангии шаб теғ кашид,
Гар пайи ҳайбаташ афканд сипар, мерасадаш!

Гар уторид зи пайи дойираву нуқтаи ӯ
Ҳамчу паргор равон аст ба сар, мерасадаш!

Он ҷамоле, ки фаришта набувад маҳрами ӯ,
Гар надорад сари дидори башар, мерасадаш!

Кору бори маликоне, ки забардаст шуданд,
Накунад, в-ар бикунад зеру забар, мерасадаш!

Мешумурдам ман аз ин навъ, шунидам зи фалак,
Ки аз инҳо бигузар, чизи дигар мерасадаш!