Бе ту ҳаром аст ба хилват нишаст

39

Бе ту ҳаром аст ба хилват нишаст,
Ҳайф бувад дар ба чунин рӯй баст.

Домани давлат чу ба даст уфтод,
Гар биҳилӣ, боз наёяд ба даст.

Ин чӣ назар буд, ки хунам бирехт?
В-ин чӣ намак буд, ки решам бихаст?

Ҳар кӣ бияфтод ба тират, нахост,
В-он ки даромад ба камандат, наҷаст.

Мо ба ту якбора муқайяд шудем,
Мурғ ба дом омаду моҳӣ ба шаст.

Сабр қафо1 хурду ба роҳе гурехт,
Ақл бало диду ба кунҷе нишаст.

Бори мазаллат натавонам кашид,
Аҳди муҳаббат натавонам шикаст.

В-ин рамақе низ, ки ҳаст аз вуҷуд,
Пеши вуҷудат натавон гуфт ҳаст.

Ҳаргиз агар роҳ ба маънӣ барад,
Саҷдаи сурат накунад бутпараст.

Мастии хамраш накунад орзу,
Ҳар кӣ чу Саъдӣ шавад аз ишқ маст.


1 Пасигарданӣ.