Бе ӯ натавон рафтан, бе ӯ натавон гуфтан

683

Бе ӯ натавон рафтан, бе ӯ натавон гуфтан,
Бе ӯ натавон шӯстан, бе ӯ натавон хуфтан!

Ай ҳалқазани ин дар, дар боз натон кардан,
Зеро ки ту ҳушёрӣ, ҳар лаҳза кашӣ гардан!

Гардан зи тамаъ хезад, зар хоҳаду хун резад,
Ӯ ошиқи гул хӯрдан ҳамчун зани обастан!

Ку ошиқи ширинхад, зар бидҳаду ҷон бидҳад?!
Чун мурғи дил ӯ паррад з-ин гунбади беравзан?!

Ин бояду он бояд, аз ширк хафӣ зояд,
Озод бувад банда з-ин васваса чун савсан!

Он бояд, к-ӯ орад, ӯ ҷумла гуҳар борад,
Ё Раб, ки чиҳо дорад он соқии ширинфан?!

Ду хоҷа ба як хона, шуд хона чу вайрона,
Ӯ хоҷаву ман банда, пусте буваду равған!