Он соъиди симинро дар гардани мо афкан

684

Он соъиди симинро дар гардани мо афкан,
Бар синаи мо биншин, ай ҷони манат маскан!

Сармаст шудам, ай ҷон в-аз даст шудам, ай ҷон,
Ай дӯст, хуморамро аз лаъли лабат бишкан!

Ай соқии ҳар нодир, ин май зи дилам мехур,
Охир, на туйӣ бо ман!? Шобош, зиҳӣ, ай ман!

Аз дӯст ситам набвад, бар маст қалам набвад,
Ҷуз афву карам набвад бар маст чунин маскан!

Аз маъдани хеш, ай ҷон, бихром дар ин майдон,
Равнақ набувад зарро, то бошад дар маъдан!

Бо лаъли чу ту коне ғамгин нашавад ҷоне,
Дар гӯру кафан н-ояд, то бошад ҷон дар тан!