Не, не, биҳ аз ин бояд бо дӯст вафо кардан

685

Не, не, биҳ аз ин бояд бо дӯст вафо кардан,
Не, не, кам аз ин бояд тақсиру ҷафо кардан!

Захме, ки занад дастат бар ошиқи сармастат,
Натвонад ғайри ту тадбири даво кардан!

Мурғе, ки чашад як дам аз донаи доми ту,
Дар хотири ӯ н-ояд оҳанги ҳаво кардан!

Ай кори ду чашми ту бе ҷурму гунаҳ куштан
В-ай кори ду лаъли ту ҳоҷот раво кардан!

Хуш воқиае дорад дил бо ғами ишқи ту,
Не рӯйи фурӯ хӯрдан, не ройи раҳо кардан!

Даъвии сафо кардан дар ишқи ту некӯ нест,
Бо ҷони сафо чи-бвад тафсири сафо кардан?!