Биё, бӯса ба чанд аст аз он лаъли мусамман?!

686

Биё, бӯса ба чанд аст аз он лаъли мусамман1?!
Агар бӯса баҷо нест, фариза-ст харидан!

Чу он бӯсаи пок аст, на андархури хок аст,
Шавам ҷони муҷаррад, бурун оям аз ин тан!

Маро баҳри сафо гуфт: «Коме нарасад муфт,
Гар он гавҳар бо туст, садафро, ҳала, бишкан!».

Пайи бӯсаи гулро, ки фар бахшад мулро,
Ҷаҳонест, забонҳо бурун карда чу савсан!

Ғалат, гар ҳама шоҳид, чу Мирриху чу Ноҳид,
Ҳало, бӯса махоҳед аз он дилбари тавсан!

Даро, ай маҳи офоқ, ки равзан бикушодам,
Шабе бар рухи ман тоб, лабе бар лаби ман зан!

Дарат, гуфт, фурӯ банду кушо равзани дилро,
Зи маҳ бӯса наёбед, магар аз раҳи равзан!


1 Самин, фарбеҳ, сергӯшт.