Бигзор, то муқобили рӯи ту бигзарем

437

Бигзор, то муқобили рӯи ту бигзарем,
Дуздида дар шамоили хуби ту бингарем.

Шавқ аст дар ҷудоию ҷавр аст дар назар,
Ҳам ҷавр беҳ, ки тоқати шавқат наёварем.

Рӯй ар ба рӯи мо накунӣ, ҳукм аз они туст,
Боз о, ки рӯй дар қадамонат бигустарем.

Моро сарест бо ту, ки гар халқи рӯзгор
Душман шаванду сар биравад ҳам, аз он сарем.

Гуфтӣ, зи хок бештаранд аҳли ишқи ман,
Аз хок бештар на, ки аз хок камтарем.

Мо бо туему бо ту наем, ин-т булъаҷаб,
Дар ҳалқаем бо туву чун ҳалқа бар дарем.

На бӯи меҳр мешунавем аз ту, эй аҷаб,
На рӯи он ки меҳри дигар кас бипарварем.

Аз душманон баранд шикоят ба дӯстон,
Чун дӯст душман аст, шикоят куҷо барем?

Мо худ намеравем давон аз қафои кас,
Он мебарад, ки мо ба каманди вай-андарем.

Саъдӣ, ту кистӣ, ки дар ин ҳалқаи каманд
Чандон фитодаанд, ки мо сайди лоғарем.