Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст

132

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!

Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чиҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!

Бишнидам аз ҳавои ту овози табл боз,
Бозомадам, ки соъиди султонам орзуст!

Гуфтӣ зи ноз: «Беш маранҷон маро, бирав!»,
Он гуфтанат, ки «беш маранҷонам» орзуст!

В-он дафъ гуфтанат, ки «бирав, шаҳ ба хона нест!»,
В-он нозу бозу тундии дарбонам орзуст!

Дар дасти ҳар ки ҳаст, зи хубӣ қурозаҳост,31
Он маъдани малоҳату он конам орзуст!

Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст!

Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст!

Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагийи кӯҳу биёбонам орзуст!

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!

Ҷонам малӯл гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст!

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,
Он ҳоюҳуву наъраи мастонам орзуст!

Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст!

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!

Гуфтанд: «Ёфт менашавад, ҷустаем мо!»,
Гуфт: «Он, ки ёфт менашавад, онам орзуст!»

Ҳарчанд муфлисам, напазирам ақиқи хурд,
Кони ақиқи нодири арзонам орзуст!

Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст!

Худ кори ман гузашт зи ҳар орзуву оз,
Аз кону аз макон пайи арконам орзуст!

Гӯшам шунид қиссаи имону маст шуд,
Ку қисми чашм, сурати имонам орзуст!

Як даст ҷоми бодаву як даст ҷаъди ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст!

Мегӯяд он рубоб, ки мурдам зи интизор,
Дасту канору захмаи Усмонам орзуст!

Ман ҳам рубоби ишқаму ишқам рубобӣ аст,
В-он лутфҳои захмаи Раҳмонам орзуст!

Боқии ин ғазалро, ай мутриби зариф,
З-ин сон ҳамешумор, ки з — ин сонам орзуст!

Бинмой, Шамси мафхари Табрез, рӯ зи Шарқ,
Ман ҳудҳудам, ҳузури Сулаймонам орзуст!