Биёед, биёед, ба гулзор бигардем

524

Биёед, биёед, ба гулзор бигардем,
Бар ин нуқтай иқбол чу паргор бигардем!

Биёед, ки имрӯз баиқболу бапирӯз
Чу ушшоқи навомӯз бар он ёр бигардем!

Басе тухм бикиштем, дар ин шӯра бигаштем,
Бар он ҳаб, ки нагунҷид дар анбор, бигардем!

Ҳар он рӯй, ки пушт аст, ба охир ҳама зишт аст,
Бар он ёри накурӯйи вафодор бигардем!

Чу аз хеш биранҷем, забуни шашу панҷем,
Яке ҷониби хумхонаи хаммор бигардем!

Дар ин ғам чу низорем, дар он дом шикорем,
Дигар кор надорем, дар ин кор бигардем!

Чу мо бесару поем, чу зарроти ҳавоем,
Бар он нодира хуршед қамарвор бигардем!

Чу дӯлоб чи гардем пур аз нолаву афғон?!
Чу андешаи бешиквату гуфтор бигардем!