Махмураму пурхора, андоза намедонам

523

Махмураму пурхора, андоза намедонам,
Ҷуз шеваи он ғамзай ғаммоза намедонам!

Ёрон бахабар буданд, дарвоза бурун рафтанд,
Ман бераҳу сармастам, дарвоза намедонам!

З-овозаи он ёрон чун мушк ҷаҳон пур шуд,
З-овоз бишуд ақлам, овоза намедонам!

То рӯйи туро дидам ман ҳамчу гули тоза,
Гаштам харифу1 куҳна, ар тоза намедонам!

Гӯянд, ки Луқмонро як козаи танге буд,
З-ин кӯза майе хурдам, к-он коза намедонам!


1 Фартут, камақл.