Ҷонам ба фидо бодо онро, ки намегӯям

522

Ҷонам ба фидо бодо онро, ки намегӯям,
Он рӯз сияҳ бодо, к-ӯро бинамеҷӯям!

Ябора шавам расво дар шаҳр, агар фардо
Ман бар дари дил бошам, ӯ ояд дар кӯям.

Гуфтам: «Санами маҳрӯ, гаҳ-гоҳ маро меҷӯ,
К-аз дард ба хуни дил рухсора ҳамешӯям!».

Гуфто, ки туро ҷустам, дар хона набудӣ ту,
Ё Раб, кӣ чунин буҳтон мегӯяд дар рӯям?!

Як рӯз ғазалгӯён, валлоҳ, супорам ҷон,
Зеро ки чу мӯ шуд ҷон, азбаски ҳамемӯям!