Бехуд шудаам, лекин бехудтар аз ин хоҳам

521

Бехуд шудаам, лекин бехудтар аз ин хоҳам,
Бо чашми ту мегӯям: «Ман маст чунин хоҳам!

Ман тоҷ намехоҳам, ман тахт намехоҳам,
Дар хидматат афтода бар рӯйи замин хоҳам!»

Он ёри накӯйи ман бигрифт гулӯйи ман,
Гуфто, ки чӣ мехоҳӣ?! Гуфтам, ки ҳамин хоҳам!

Бо боди сабо хоҳам, то дам бизанам, лекин
Чун ман дами худ дорам, ҳамрози маҳин хоҳам!

Дар ҳалқаи миқотам1, эманшуда з-офотам,
Муме зи пайи хатмат з-он нақши нигин хоҳам!

Моҳе дигар аст, ай ҷон, андар дили маҳ пинҳон,
З-ин илм яқин астам, он айни яқин хоҳам.


1 Вақт, ҳангом.