Ин шакл, ки ман дорам, ай хоҷа, киро монам?!

520

Ин шакл, ки ман дорам, ай хоҷа, киро монам?!
Як лаҳза паришаклам, як лаҳза парихонам!

Дар оташи муштоқӣ ҳам ҷамъаму ҳам шамъам,
Ҳам дудаму ҳам нурам, ҳам ҷамъу парешонам!

Ҷуз гӯши рубоби дил аз хашм намолам ман,
Ҷуз чашми саъодатро аз захма наранҷонам!

Чун шаккару чун ширам, бо худ занаму гирам,
Табъам чу ҷунун орад, занҷир биҷунбонам!

Ай хоҷа, чи мурғам ман! Не кабкаму не бозам,
Не хубаму не зиштам, не инаму не онам!

Не хоҷаи бозорам, не булбули гулзорам,
Ай хоҷа, ту номам ниҳ, то хеш бад-он хонам!

Не банда, на озодам, не муму на пӯлодам,
Не дил ба касе додам, не дилбари эшонам!

Гар дар шараму хайрам, аз худ наям, аз ғайрам,
Он сӯ, ки кашад он кас, ночор чунон ронам!