Ай карда ту миҳмонам, дар пеш даро, ҷонам

519

Ай карда ту миҳмонам, дар пеш даро, ҷонам,
З-он рӯй, ки ҳайронам, ман хона намедонам!

Ай гашта зи ту вола ҳам шаҳру ҳам аҳли диҳ,
Ку хона?! Нишонам диҳ, ман хона намедонам!

З-он кас, ки шудӣ ҷонаш, з-он кас маталаб донаш,
Пеш ову маранҷонаш, ман хона намедонам!

В-он, к-аз ту бувад шӯраш, медор ту маъзураш
В-аз хона макун дураш, ман хона намедонам!

Ман ошиқу муштоқам, ман шуҳраи офоқам,
Раҳм ору макун тоқам, ман хона намедонам!

Ай мутриби соҳибсаф, мезан ту ба захми каф
Бар роҳи дилам ин даф, ман хона намедонам!

Шамсулҳақи Табрезӣ, ҷуз бо ту наёмезам,
Меафтаму мехезам, ман хона намедонам!