Шогирди ту мебошам, гар кавдану кажпӯзам

518

Шогирди ту мебошам, гар кавдану кажпӯзам,
То з-он лаби хандонат як ханда биёмӯзам!

Ай чашмаи огоҳӣ, шогирд намехоҳӣ?!
Чӣ ҳила кунам, то ман худро ба ту дардӯзам?!

Боре зи шикофи дар барқи рухи ту бинам,
З-он оташи даҳлезӣ сад шамъ барафрӯзам!

Як лаҳза барӣ рахтам дар роҳ, ки ашшорам1,
Як лаҳза равӣ пешам, яъне ки қаловузам!

Гаҳ дар гунаҳам ронӣ, гаҳ сӯйи пушаймонӣ,
Каж кун сару дунбамро, ман ҳамзаи маҳмузам!

Дар ҳавбаву дар тавба, чун моҳии бар тоба,
Ин паҳлуву он паҳлӯ бар тоба ҳамсӯзам!

Бар тоба туам гардон ин паҳлуву он паҳлӯ,
Дар зулмати шаб бо ту барроқтар аз рӯзам!

Бас кун ҳама талвинам2 дар пешаву андеша,
Як лаҳза чу пирӯза, як лаҳза чу пирӯзам!

1 Ҷамъкунандаи андоз.
2 Рангубор.