Суратгари наққошам, ҳар лаҳза буте созам

517

Суратгари наққошам, ҳар лаҳза буте созам
В-онгаҳ ҳама бутҳоро дар пеши ту бигдозам!

Сад нақш барангезам, бо рӯҳ даромезам,
Чун нақши туро бинам, дар оташаш андозам!

Ту соқии хамморӣ, ё душмани ҳушёрӣ,
Ё он, ки кунӣ вайрон, ҳар хона, ки месозам?!

Ҷон рехта шуд бар ту, омехта шуд бо ту,
Чун бӯйи ту дорад ҷон, ҷонро, ҳала, бинвозам!

Ҳар хун, ки зи ман рӯяд, бо хоки ту мегӯяд:
«Бо миҳри ту ҳамрангам, бо ишқи ту ҳанбозам!»

Дар хонаи обу гил бе туст хароб ин дил,
Ё хона даро, ҷоно, ё хона бипардозам!