То ошиқи он ёрам, бекораму баркорам

516

То ошиқи он ёрам, бекораму баркорам,
Саргаштаву побарҷо монандаи паргорам!

Монандаи Миррихе бо моҳу фалак хашмам
В-аз чархи кулаҳзаррин дар нангаму дар орам!

Гар хеши манӣ, ёро, мебин, ки чи бехешам?!
З-асрор чи мепурсӣ, чун шуҳраву изҳорам!

Ҷуз хуни дили ошиқ он шер наёшомад,
Ман зодаи он шерам, дилҷӯяму хунхорам!

Ранҷураму медонӣ, ҳам фотиҳа мехонӣ,
Ай дӯст намебинӣ, к-аз фотиҳа беморам!

Ҳаллоҷи ишорат, гӯ, аз халқ ба дор омад,
В-аз тундии исрорам Ҳаллоҷ занад дорам?!

Иқрор макун, хоҷа, ман бо ту намегӯям,
Ман мурда намешӯям, ман хора намехорам!

Ай мункири махдумнӣ Шамсулҳақи Табрезӣ,
З-иқрори чу ту кӯре безораму безорам!