Биё, ай он ки бурдӣ ту қарорам

541

Биё, ай он ки бурдӣ ту қарорам,
Даро чун тунги шаккар дар канорам!

Дили сангини худро бар дилам ниҳ,
Намебинӣ, ки аз ғам сангсорам?!

Биё наздику бар рӯям назар кун,
Нишониҳо нигар, к-аз ишқ дорам!

Бисӯзам пардаи ҳафт осмонро,
Агар аз сӯзи дил дуде барорам!

Хазон гар боғу бустонро бисӯзад,
Бихандонад ҷаҳонро навбаҳорам!

Ҷаҳон гӯяд, ки боз о, ай баҳорон,
Ки аз зулми хазон сад доғ дорам!

Бигардон, соқиё, ҷоми хазонӣ,
Ки аз ишқи баҳор андар хуморам!

Бидиҳ чизе, ки пинҳон аст чун ҷон,
Ба ҷони ту, мадиҳ беш интизорам!